Язык сайта в процессе перевода.

Иҷрои амалҳои савоб

Иҷрои амалҳои савоб

Некиву хайру эҳсон ва шафқату раҳм намудан, кори савоберо ба иҷро расонидан дар моҳи шарифи Рамазон аз беҳтарин хислатҳои инсонист. Дар ин рӯзҳо ҳар амали хайре, ки ба сомон расонида мешавад, айни муддао буда, боиси дастгирист. Ронандаи ҶДММ «Сафар-Канд», нақлиёти мусофиркаши хатсайри №5 Абдурасул Носиров тасмим гирифт, ки дар рӯзи аввали даҳаи дуюми моҳи Рамазон ба аҳолӣ ройгон хизмат расонад. Дар ин рӯз ин ронандаи хайрхоҳ хизмати мусофиронро дар хатсайри №5 ройгон ба ҷо оварда, боиси хушнудии онҳо гашт.

Аҳолии деҳаи Гулбоғ (Тутиқавола) аз иқдоми ронанда Абдурасул Носиров қаноатманду шод гашта, арзи миннатдорӣ карданд ва изҳори умед намуданд, ки аз ҷониби дигар ронандагон низ чунин амалҳо идома меёбад.

Воқеан чунин амали хайр, ҳарчанд кӯчак менамояд, хело хайру савоб буда, шоистаи пайравист.

13:54
671
Гулсанам
22:46
Ахсан бар падару модари ин мард ки чунин тарбияи нагз додааст
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб