Язык сайта в процессе перевода.

Конибодом дар фестивал-озмуни вилоятии «Зардолу-2016»

Конибодом дар фестивал-озмуни вилоятии «Зардолу-2016»

Рӯзи гузашта дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни вилоятии «Зардолу-2016» баргузор гардид, ки дар он 4 шаҳру навоҳии вилоятамон: шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт иштирок намуданд. Фестивал дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, иштирокчиёни фестивал ба маърази мардум анвои гуногуни меваҷот, бахусус зардолу, маҳсулоти мухталифи аз зардолу омодагардида ва ихтироъкориҳоро пешниҳод намуданд. Шаҳри Конибодом низ бо пешниҳоди зиёда аз 28 намуди навъҳои гуногуни зардолу, инчунин маҳсулоти гуногуни қаннодии аз зардолу омодагардида ва эҷодкориву ихтироъкориҳои худ дар фестивал ширкати фаъолона дошт.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷараёни баргузории фестивал-озмун дидан намуда, ба ҳунару маҳорат ва маҳсулоти пешниҳодгардида таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

Фестивал ба иди бузурги зардолу табдил ёфта, сокинон бо чеҳраҳои шод аз намоишгоҳҳо дидан карданд. Чорабинии мазкур тадбири басо хубе буд, ки дар дили мардум умед ба сӯи фардо ва некбиниро ба вуҷуд оварда, хурсандиҳо бахшид.

Дар ҷараёни фестивал тамошобинону харидорони зиёд, аз ҷумла меҳмонону сайёҳон аз кишварҳои хориҷа низ ширкат варзида, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо ба намоиш-виставкаи шаҳри Конибодом баҳои баланд доданд.

Инчунин, дар рафти фестивал аз ҷониби санъаткорон ва муҳассилини макотиби шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки басо ҷолиб буд.

Бояд қайд кард, ки дар омода ва пешкаш гардонидани маҳсулотҳо ба фестивали «Зардолу» роҳбарияти шаҳр, Раёсати кишоварзӣ, коргоҳу муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулин саҳми муассир гузоштанд. Маҳз натиҷаи заҳматҳо ва омодагиҳои онҳо буд, ки дар фестивал шаҳри Конибодом сазовори ҷои дуюм дониста шуда, соҳиби 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

Фестивал-озмуни мазкур, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар моҳи шарифи Рамазон гузаронида шуд, як фоли нек буда, дар фаровонии дастурхони мардум, сарҷамъ намудану муттаҳид кардани аҳолӣ мусоидат намуд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу субот имкон дод, ки имрӯз халқи тоҷик бо хотири ҷамъ бо шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда ва имконоти фароҳамомада зиндагиву кору фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни халқи кишвар саҳмгузорӣ менамояд. Худ баргузории фестивали «Зардолу» гувоҳи он буда, дар рушди соҳаҳо, аз ҷумла, кишоварзиву саноат, махсусан боғдорӣ, омӯзиши таҷрибаи коркарди меваҳо ва амсоли ин мусоидат хоҳад кард.

21:25
965
Чахон
17:11
Молодцы
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб