Язык сайта в процессе перевода.

Ба хотири фарҳангсолор

Ба хотири фарҳангсолор
Конибодом зодгоҳи шахсони барӯманд, фарҳангдӯст ва дурахшонтарин чеҳраҳоест, ки бо заҳмати фидокорона ва дастовардҳои беназирашон мудом барои беҳбудии ҳаёти мардум дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ содиқона хизмат намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои дилдодаи кори халқу Ватан, накӯкору накӯном, бомаърифату бофарҳанг шодравон Нӯъмонҷон Раҳимҷонов мебошад. Бо иқдоми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 75- солагии ёдбуди ин шахси барӯманди диёр дар назди мадрасаи «Оим» бо иштироки васеи ҷомеаи фарҳангиёни шаҳр, дӯстону ҳамкорон ва пайвандонаш ҷамъомади бошукӯҳ ва маросими лавҳагузорӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр З.Ашӯрматова, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов ва нависанда Муҳаммад Субҳон иштирок ва суханронӣ намуда, аз Нӯъмонҷон Раҳимҷонов ҳамчун сарвари кордон, ёдовар гаштанд. Зикр шуд, ки марҳум дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, тавассути дониши комил, ҳисси баланди масъулият, кӯшишу ғайрат ва кордонии худ вазифаҳои пурмасъулро сарбаландона иҷро намудааст. Махсусан ӯ чун мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳр солҳои тӯлонӣ пурмаҳсул заҳмат кашидааст. Бо ташаббуси ӯ Мадрасаҳои Оим, Мирраҷаб Додхоҳ, манораи Норчабой аз нав эҳё гардида, боғи маданият ва истироҳат обод шудааст. Ташкили университетҳои халқӣ, ширкати хизматрасонии «Фароғат», дастаи таъмирчиёну бинокорон, бунёди бинои маъмурии шӯъбаи фарҳанг, толори хониш, маҷлисгоҳ, ду хонаи маданият, осорхонаи фарҳанг, мошинсарой, чойхона, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар боғи истироҳатӣ ва харидории атраксионҳои нав, такмили кори китобхонаи марказии шаҳр, бунёди мактаби мусиқӣ ва рассомӣ, ба роҳ мондани нашри моҳномаи «Фарҳанг», ба гимназия табдил додани мактаб-интернат аз иқдомҳои марҳум Нӯъмонҷон Раҳимҷонов маҳсуб меёбанд. Бояд зикр кард, ки Нӯъмонҷон Раҳимҷонов барои хизматҳои бардавому пурсамар бо унвони баланди «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок бахшида ба 100-солагии В.Ленин», «Барои меҳнати шоён» ва як қатор ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Дӯстону ҳамкорон, шогирдону пайвандон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти пурсамари Нӯъмонҷон Раҳимҷоновро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, аз зиндагиномаи ибратпазири ӯ ёдоварӣ намуданд. Қавииродагиву ростқавлӣ, ҷасорату адолатпешагӣ, некбину ҳидоятгар ва навовар будан аз ҷумлаи хислатҳои наҷиби шодравон маҳсуб меёфт, ки дар маҳфил ҳамкорону дӯстонаш доир ба ӯ хотираҳои хешро баён дошта, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки аз зиндагиномаи чунин шахсон дарси ибрат омӯзанд. Барои поси хотири шодравон дар назди Мадрасаи «Оим» лавҳаи хотиравӣ гузошта шуда, дар ҷараёни ҷамъомади мазкур аз ҷониби муовини раиси шаҳр З.Ашурматова ва ҳамсари шодравон Н.Раҳимҷонов -Б.Охунова парда аз рӯи лавҳа бардошта шуд. Ҷамъомади мазкур, ки ба 75-солагии ёдбуди нобиға ва сарбози арсаи фарҳанг Н.Раҳимҷонов бахшида шуд, хеле хуб сурат гирифта, иқдоми неку бамаврид ва шоиста маҳсуб меёбад.
23:50
695
MIHD
13:17
Ассалому алейкум мухтарам Админ, ахборот ро, ки аз сомонаи хукумат гирифтед, дар поёнаш ссылкаашро хам мондан аз хотир набароред. боз дар раздели kanada.tj/pages/simvol.html чунин маълумот додан ин ба фикри ман хатогии калон мебошад. Барои он, ки аксарият ахборотхо аз худи сайти konibodom.tj гирифта шуда истодааст.
Парвина
14:33
cалом, дуруст мегуянд, хеле хуб, ки навигарихои шахрро пахн мекунед, лекин хангоми истифода аз сомонаи шахри сарчашмаатонро кайд кунед, чунки инхоро ман менависам, узр, хукуки муаллифа поймол накунед
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб