Язык сайта в процессе перевода.

Баргузории маҳфили навбатии «Дугонаҳо»

Баргузории маҳфили навбатии «Дугонаҳо»

Маҳфили навбатии «Дугонаҳо» бо бонувони ҷамоати деҳоти Пӯлодон доир гашт. Нахуст дар даромадгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, намунаҳои зебои ҳунари гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва пазандагӣ нишон дода шуд. Чорабинӣ бо созу оҳангҳои марғуби аҳли санъат ҷилои тоза гирифт.  Муҳассилини мтму№23 саҳначаеро бо номи «Хушдомани золим»  иҷро намуданд, ки таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд. Дар атрофи саҳнача иштирокдорони маҳфил мулоҳизаронӣ карданд. Дастаи ҳаҷвнигорони мтму№26, ки аксари онҳоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд, бо пешниҳоди саҳначаҳои хурди ҳачвӣ хотири бонувонро шод карданд. Баромади тарбиятгирандагони кӯдакистони ба номи Энаҷон Бойматова низ қобили таваҷҷуҳ буд.  Дар ҷараёни чорабинӣ чанд тан аз раисони кумитаҳои маҳаллӣ ба сухан баромада, доир ба фарҳанги либоспӯшии занону духтарон, тарғиби либоси миллӣ ва риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» андешаронӣ карданд.  Ба маҳфил иштироки якчанд оилаҳои намунавии маҳалла ҳусни хоса зам намуд. Хушдоманҳо аз ҳаёти чандинсолаи тифоқашон барои ҷавонон нақлҳо карда, ба сабурӣ ва ҳамдигарфаҳмию муҳаббат парваридан ба якдигар даъват намуданд. Инчунин, зимни маҳфил озмуни «Арӯси кӣ беҳтарин?» гузаронида шуда, ба ғолибон туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҷамоати деҳоти Пӯлодон яке аз ҷамоатҳои калонтарину пешқадам дар аксари соҳаҳо маҳсуб ёфта, дар 20 кумитаҳои маҳалӣ 34000 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ин ҷамоат зодгоҳи шахсиятҳи барӯманди диёр буда, бонувонаш низ дар ҳамаи соҳаҳо дастболо мебошанд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

12:00
73
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб