Язык сайта в процессе перевода.

Вохӯрӣ бо мардум

Вохӯрӣ бо мардум

Рӯзи гузашта раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бобоҷонзода А.Т. ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №7 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо сокинони ҳудуди ҳавза ва омӯзгорон вохӯрӣ доир намуд.  Зимни мулоқот моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» баррасӣ гардид ва иштирокчиён оид ба ин масъала  маълумоти пурра гирифтанд. Бобоҷонзода А.Т. зимни  баромадаш даъват намуд, ки сокинони кишвар бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро ҳамаҷониба риоя намуда, тибқи нишондодҳои он амал намоянд, зеро қонуни мазкур бевосита ба манфиати халқ нигаронида шуда, танҳо тавассути риояи он ба зиндагии шоиста сазовор хоҳем шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

12:58
24
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб