Язык сайта в процессе перевода.

Бузургдошти қофиласолори назм

Бузургдошти қофиласолори назм

Санаи 22 сентябр дар гимназияи №1-и шаҳр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону муҳассилини мактабу коллеҷҳои шаҳр, аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд. Нахуст иштирокдорони чорабинӣ аз намоиш-виставкаи мактабҳои шаҳр, ки фарогири ҳаёту эҷодиёти шоир, девон ва нусхаҳои гуногуну сершумори маҷмӯаҳои Рӯдакӣ, тарҷумаи онҳо ба забонҳои мухталиф ва суратҳои шоир буд, дидан карданд. Сипас дар толори таълимгоҳ чорабинии идона баргузор шуд. Муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода паёми табрикии Раиси шаҳрро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонид. Гуфта шуд, ки ҳамасола мардуми тоҷик санаи 22 сентябрро ҳамчун рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин нобиғаи оламшумул мавриди омӯзиши хоса қарор гирифт.  Баъдан аз тарафи хонандагони дабистонҳо шаҳр аз эҷодиёти пурғановати падари шеъри порсӣ намунаҳо қироат гардид. Инчунин чанде аз навқаламон шеърҳои эҷоднамудаашонро пешкаш карданд.  Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои панду насиҳат, зебоию зебоипарастӣ, сулҳу ваҳдат, бародарию баробарӣ чун рукни асосии зиндагӣ соддаю зебо ва барҷаста ифода ёфта, мардонагиву садоқат, ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии халқҳои олам нақши муҳим бозидаанд ва ин нуқтаҳо дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ муфассал зикр гардид. Аз тарафи санъаткорони шаҳр барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш карда шуд. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Источник: Konibodom.tj

12:58
71
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб