Язык сайта в процессе перевода.

Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ

Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ
Чӣ суд аз зар, ало ёри зарафшонӣ, ҷавонӣ рафт,Чӣ ҳаз аз лаъл, эй шӯхи бадахшонӣ, ҷавонӣ рафт.Чи донову чи зебову чи ҷӯё буд, аммо зудБа нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт.Ниҳоли гул фитод аз по, умеди бехазонӣ мурд,Хазонрез омад овони гулафшонӣ, ҷавонӣ рафт.Дилам аз ларзиши ҳар сина андар сина меларзид,Куҷо он синаю он синаларзонӣ? Ҷавонӣ рафт.Гузашт он лаҳзаи ширин, шикаст он косаи заррин,Куҷо он косаю он косагардонӣ? Ҷавонӣ рафт.Бигуфтӣ талху дарди номаҳои сӯзнокамроХати бутлон задӣ, ширини хатлонӣ, ҷавонӣ рафт.Бирезанд ахтарон аз осмон бар хок, боке нест,Ки бо оҳу дареғову пушаймонӣ ҷавонӣ рафт.На дарё хушк шуд, на махзанеро раҳзане бирбуд,Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ? Ҷавонӣ рафт…24.11.1996 – Душанбе Лоиқ Шералӣ
16:53
1861
Баходур Махмудов
13:34
Эй тоҷики овора, ма қурбони ту гардам,
Қурбони туву ҳоли парешони ту гардам.
Душман бинамуд хонаат вайрону валангор,
Қурбони туву хонаи вайрони ту гардам.

Ҳар ҷо, ки бирафтӣ, бишудӣ боиси таҳқир,
Қурбони туву нолаву афғони ту гардам.
Имрӯз шуда Меҳани ту лонаи Заҳҳок,
Қурбони туву Ҳурмузи ҳайрони ту гардам.

Аз дидаи модар бичакад ашк чу борон,
Қурбони ҳамон модари гирёни ту гардам.
Дур аз ватани хеш Сано роз бигӯяд,
Қурбони чунин фарди пурармони ту гардам
Парвина
14:39
шеъри хуб, офарин
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб